داريوش محمدپور| صفحه‌ی اصلی |رهای رادیوسيتی

بايگانی مطالب: داريوش رجبيان

پنجشنبه ۹ آبان ۸۷::October 30, 2008

Goodbye, Zamaneh!

Бо ту падруд, эй Замона!

Дар ин замона
Ба хар бахона
На ту бимонй
На ман бимонам

Латифи Пидром

Замона панде озодвор дод маро
Замонаро чу наку бингарй, хама панд аст

Рудакй

Мехдии Чомй аз кушотарин инсонхоест, ки дар зиндагй дидаам. Шабхои бехобй ва рузхои пурмашгалаи у буд, ки аз хеч як родюи намуна сохт.

Родю Замона дар тули беш аз ду соли фаъъолият бештар аз родюхои даххосола овозаи шухраташ чахонро дарнавардид ва ба кандуи чехрахои барчастаи фархангу хунари порсй табдил шуд.

Родю Замона ибтикоре ноб буд дар рузноманигории порсй, ки сарчашмаи он зехни Мехдии Чомй ва талоши кормандони он буд. Нахустин родюе буд, ки имкони хамкории хар касе бо як расонаро мумкин сохт. Кофй буд ба ин родю номае бинависеду тархеро пешниход кунед.

Ман барои муддате дароз ба номахои шунавандагону хонандагони родю Замона посух медодам ва сели дархостхо такондиханда буд. Шумори зиёде аз кормандони кунунии ин расона аз чумлаи нахустин шунавандагони мо буданд, ки пешниходи хамкорй доданду пазируфта шуданд. Сиёсати «дархои боз»-и Мехдй дар журнолисми порсй равзанаи тозаеро боз кард ва рузноманигориро даруни тудахо бурд ва ба мафхуми «журнолисми шахрвандй» гушту пуст дод ва онро малмус сохт.

Мехдй буд, ки зехни махдуди хамшахрихояшро бо бозгуи хакикатхо фарохтар мекард ва мегуфт, ки ин родю набояд танхо барои Эрон бошад, чун порсй танхо забони Эрони кунунй нест. Дар натича пои порсигуёни дигар хам ба родюи чавони мо кашида мешуд.

Мехдй арзиши кори рузноманигоронро хуб медонист ва дар такдир аз кори онхо лахзае диранг намекард. Хатто пас аз ин ки аз родю Замона омадам берун, сафхаи вижаи ман дар торнамои родю сари чояш бокй монд, то гох-гудоре матолиби худамро руи он мунташир кунам. Родю Замонаи Мехдй махалли чопу пахши хамаи матолиби чолиб аз саросари чахон буд. Озодии кор бо Мехдиро хеч чои дигар тачруба накардаам.

Дилам аз зиндагй дар Омстердом гирифта буд ва мехостам барои муддате кутох ба Ландан баргардам. Пас аз машварате кутох бо як хамкорам, ки масъули фаннии родю буд, тархи девонаворе ба Мехдй пешниход кардем: ин ки ман барномахоро аз Ландан ба таври зинда ичро кунам. Шояд раиси дигаре ин рискро намепазируфт ё куллан ба тархи мову ба ришамон механдид. Аммо Мехдй онро чиддй гирифт ва тархи моро огози чахонй шудани родю Замона донист. Пас аз ду-се руз садои ман аз Ландан пахш шуд: Ин чо Ландан аст, родю Замона. Пахши зинда бо истифода аз як дастгохи содаи роёна. Пас аз муддате дигар Некоханги Кавсар аз Конодо барнома пахш мекард: Ин чо Турунтуст, родю Замона. Гузорам ба Хиндустон уфтод ва тасмим гирифтам барои муддати дарозтаре он чо бимонам ва аз он чо барномахои гуногуни хабарию тафрехй пахш кунам, бо нидои «Ин чо Дехлист, родю Замона». Ба ростй, родю Замонаи Мехдй, ки хамин гуна барномахои зиндаву забтшударо аз Порису Бунну Дубай хам пахш мекард, дошт доман пахн мекарду чахонй мешуд.

Аммо аспи саманди Замона хамин имруз сикандарй хурду уфтод. Хайъати мудираи родю Замона мудирияти Мехдии Чомиро, ки офаридгори родюст, ба холати таълик даровард. Чун Мехдй мувофикат накардааст, ки сардабири родю бошаду касе дигар ба маснади мудирият бинишинад. Яъне модар канор бираваду дояе ба чояш бинишинад. Яке аз дустони Мехдй мегуфт: хоричихо мехостанд Мехдй ин родюро рох биандозад, то баъдан худашон лагомашро ба даст бигиранду хадафхои пушидаашонро пиёда кунанд. Намедонам. Аммо бо рафтани Мехдй родю Замонаи мо хам рафт. Дуруст ба монанди рафтани Бокири Муъин аз родю Би Би Си ва Маъсумаи Турфа аз родю Озодй. Он родюхо дигар вучуд надоранд. Родюхои ормонгаро ва дар айни хол вокеъбин, ки самандвор ба суи ормонхояшон мешитофтанд. Ин ду родю замонест, ки давраи хамудагиро тай мекунанд ва родю Замона хам имруз ба ин чамъи номаймун пайваст.

Дишаб аз Мехдй номае дарёфт кардам, ки ба дустону хамкоронаш дар Замона фиристодааст бо номи "Поёни кори ман бо Замона":

 

"Дустони азиз. Ба даврае, ки бо шумо гузарондам, ифтихор мекунам ва онро яке аз бехтарин даврахои зиндагиам медонам. Мутаассифам, ки беш аз ин дар тавони ман набуд. Агар дар хидмат кусуре карда бошам, маро хохед бахшид. Аз имруз дигар бо Замона нахохам буд. Шояд вакте дигар дубора чое даври хам чамъ шудем...


Ман он чи анчом додам, сирф барои идее буд, ки хамаи шумо онро мумкин кардед. Аз ин бобат табъан аз самими чон сипосгузорам. Вомдори хеч каси дигаре чуз шумо нестам ва ба он чи дар Замона кардаам, ифтихор мекунам. Умедворам рузе битавонам расонае мустакил эчод кунам ё ба шевае расонайи ба Эрон ва хамзабононам хидмат кунам. Киблаи ман Эрон аст ва хар чи мекунаму мекашам, аз уст ва барои уст.



Бо бехтарин орзухо,
Мехдии Чомй."

 


Даххо тан ба ин нома посух навишта ва аз Мехдй хостаанд, ки тасмимашро бознигарй кунад. Ман навиштам:



«Мехдичон. Бо ин ки ин рузхо интизори дарёфти ин хабари шумро доштам, акнун поёни хадиси Замона боварам намешавад. Чун Замона, яъне Мехдии Чомй ва воруна. Албатта, пиндорхо мутагаййиранд ва чи басо фардо Мехдии Чомй мутародифи расонае расотар аз Замона шавад, ки хеч хам баъид нест. Аммо аз ин ки Замона ятим шуд, мутаассифам. Магар ин ки падару модари Замона, ки шумо бошед, дубора сари хонаву зиндагиаш баргардад. Сари баландатон баландтар бод.»


Мехдй дируз аз утоки мудири родю Замона, ки дигар пазирояш нест, дутори эхдоии Давлатманди Холро бардошту рафт, то бисоташро дар маконе дигар пахн кунад ва дуторашро руи деворе дигар биовезад. Шахсиятхои мехварие чун Мехдй харгиз ба чохи озу ниёз намеуфтанд ва таассуфи ман ба хеч руй мутаваччехи у нест. Балки барои родю Замона мутаассифам, ки бесутун монд.



PS. Хамин лахазоте пеш Мину Собирй, аз хамкорон дар родю Замона торнигорашро баруз кард ва матлаберо бо унвони пурмухтавое дар бораи Мехдй чоп кард: "Чомй Замона сохт, аммо Замона бо у насохт". Ин навишта гуёи мехру утуфатест, ки бештари кормандони дуру наздики Замона ба Мехдй доранд.

(From A Dervish)

Powered by
Movable Type 3.34
Free counter and web stats